Татбиқи қарори Раиси вилоят ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 4736

Баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 23 августи соли 2018, таҳти №365 «Дар бораи пешбурди масъалаҳои ҳифз, парвариши сунъӣ ва такрористеҳсолии захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд» аз тарафи нозирони давлатии шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат корбарӣ рафта истодааст.

Бо ин мақсад санаи 29 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» дар шаҳри Гулистон бо иштироки 30 нафар моҳидорони ин коргоҳ ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» аз тарафи намояндагони Раёсат вохўрӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 Санаҳои 29 – 31 августи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони Раёсат дар минтақаи Шўркўли ноҳияи Б. Ғафуров фаъолияти моҳидорони ҶСК «Моҳипарвари Гулистон»-и шаҳри Гулистон, дар минтақаҳои «Баҳри Тоҷик»-и шаҳри Конибодом фаъолияти моҳидорони ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» ва ҶСК «Моҳии Тоҷик», ки бо сайди саноатии моҳии молӣ машғуланд аз назар гузаронида шуда, барои дар фаъолияти худ истифода бурдани тўрҳои стандартии капронии моҳигирӣ бо тамғаи корхона ва навиштаҷоти махсус пешниҳодҳо дода шуд.

Ҳамчунин, аз тарафи нозирон санҷишҳои ихтиологӣ гузаронида моҳиҳои навсайдшудаи моҳигирон аз назар гузаронида шуда санадҳои сайди саноатии моҳӣ тартиб дода шуд.

       Раёсати ҳифзи муҳити зист вилояти Суғд рафти иҷрои Қарори мазкурро зери назорати доимӣ гирифта, баҳри дар амал татбиқ шудани  он корбарӣ менамояд.