Вохӯрӣ дар коллеҷи кишоварзии Масчоҳ

Category: News Written by Администратор Hits: 4591

  Тибқи нақшаи корӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохӯрии намояндаи Раёсат бо донишҷўён ва омӯзгорон, дар маҷмӯъ беш аз 150 нафар доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он баромад намуд. Ҳамчунин бо мақсади бархурдор шудан аз олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба иштирокчиён дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҷӯиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ маълумот дода шуд.

       Дар охири вохӯрӣ бо омўзгорону донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифта,  дар бораи нақлиётҳои партовкашон, ифлоскунандагони асосии ҳавои атмосфера, партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳои марбут фаҳмонида дода шуд.