Вохӯрӣ дар шаҳри Гулистон

Санаи 13.02.2019 баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон вохӯрии сармутахассиси раёсат бо намояндагони соҳаи маориф, омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳрак ва раисони кумитаҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи маърифати экологӣ ва дигар масъалаҳои самтҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист баромад карда шуд. Ҳангоми ба амал омадани саволу ҷавоб аз тарафи омӯзгори мактаби ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва худи раиси ҷамоат оид ба набудани китоби дарсӣ аз фанни экология ва умуман норасогии китобҳои дарсӣ аз дигар фанҳо бо забони русӣ, аз ҷониби раисони кумитаҳои маҳаллӣ оид ба насби лавҳаҳои огоҳикунанда ҷиҳати партофтани партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ва дигар саволҳо дода шуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

  Ҳамзамон, бо мақсади бархурдор шудан ва омўхтани ҷабҳаҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба китобхонаи шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон ду ҷилд Китоби Сурхи ҶумҳурииТоҷикистон  ва дигар маводҳои экологӣ тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.