Вохӯрии экологон бо ҷавонон

Санаи 8.02.2019 дар факултети геоэкологияи Муассисаи давлатии таълимии ДДХ ба номи  академик Б.Ғафуров, кафедраи экология ва ҳифзи табиат вохӯрӣ таҳти унвони «Нақши Паёми Пешвои миллат дар иҷрои талаботи Барномаи давлатии экологӣ ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.   Дар он намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, донишҷӯёни курсҳои 2-4 ихтисосҳои экология ва агроэкологияи факултет ва омӯзгорон иштирок доштанд. Дар рафти вохӯрӣ пас аз сухани ифтитоҳии мудири кафедра дотсент Собиров М., намояндаи Раёсат Саидов Х. дар бораи «Таҳлили муҳимияти ҳолати экологии  Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат» ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»баромад намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён доир ба тариқи телевизион намоиш додани барномаву роликҳо дар мавзӯи экологӣ, ташкили нуқтаҳои расмии муваққатан ҷойгиронии партовҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ибрози ақида намуданд.

   Дар охири вохӯрӣ ба китобхонаи факултети геоэкологияи Донишгоҳи мазкур бо мақсади бархурдор шудан ва омӯхтани ҷабҳаҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.