Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Санаи 9.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мувофиқи даъват дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок дошта, баъд аз маърўзаи сардори раёсат аз ҳар яки онҳо аз ҷониби муовини раиси кумита пурсиш ба амал омад. Ҳангоми музокира камбудиҳои зерсохторҳои раёсат мавриди таҳлил карор гирифта, аз тарафи муовини раиси кумита як қатор дастуру супориш барои ислоҳи камбудиҳо то ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дода шуд.

    Дар интиҳо бо назардошти масъалаҳои муҳокима шуда, супоришу дархост қарори дахлдори ҷаласа қабул гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.