Имсол Чин маркази таҷлили Рўзи умумичаҳонии муҳити зист таъйин гардид

Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972  таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол аз ҷониби мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар кишварҳои дунё қайд карда мешавад. Барои таҷлили глобалии ин санаи муҳими экологӣ, одатан ҳар сол, яке аз кишварҳои дунё интихоб гардида, шиори ид пешниҳод карда мешавад. Имсол низ, санаи 15.03.2019 дар шаҳри Найроби вазири муҳити зист, ҳамчун роҳбари ҳайати Чин бо и.в. директори иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид якҷоя эълон намуданд, ки рӯзи ҷашни 5-уми июни соли 2019 дар Чин бо шиори «Ифлосшавии ҳаво» баргузор мегардад.

Ҳар сол қариб 7 миллион нафар аҳолї аз сабаби ифлосшавии ҳаво дар ҷаҳон ба ҳалокат мерасанд, ки аз он 4 миллион ба минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором рост меояд. Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зисти соли 2019 ҳукумату саноат, ҷомеа ва шаҳрвандонро бароиомузиши имконияти энергияи барқароршаванда ва технологияҳои «сабз» бо мақсади беҳтар кардани сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷаҳон даъват ба амал меорад. Ҳукумати Чин омода аст, ки ташкил ва гузаронидани чорабиниҳоро бахшида ба Рузи умумиҷаҳонии муҳити зист дар як қатор шаҳрҳои кишвараш доир намояд.

Чорабиниҳои ҷашнии асосӣ дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжэцзян  гузаронида мешавад. Ин изҳорот дар форуми олии экологии ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Найроби - пойтахти Кения бо иштироки вазирони муҳити зисти ҷаҳон доир гардида буд, ба вуқуъ пайваст. Намояндаи СММ ҳангоми изҳороти худ баён кард, ки Чин дар ҳақикат барои  ҷашнгирии Рузи умумиҷаҳонии муҳити зист мувофиқ аст. «Ин давлат барои пешгирии ифлосшавии ҳаво дар дохили кишвари худ саҳми босазое гузошта, ҳоло имконият дорад, ки бо тамоми ҷаҳон оид ба ин масъалаи глобалӣ талош варзад. Ифлосшавии ҳаво – ин муаммои глобалӣ буда, ба ҳама таъсир мерасонад. Чин барои нигоҳдории  миллионҳо ҳаёти  мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо афзоиши бахши энергетикии «сабз» Чин худро ҳамчун пешво дар мубориза бо тағйрёбии иқлим нишон дод. Дар кишвар нисфи воситаҳои нақлиёти барқии ҷаҳонӣ ва 99% автобусҳои барқӣ фаъолият мебаранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, давлати Чин метавонад навоварӣ ва пешравии худро баҳри муҳити зисти тоза намоиш диҳад.

Мувофиқи гузориши нави СММ оид ба ифлосшавии ҳаво дар минтақаи Осиё ва  уқёнуси Ором, ҳангоми ҷорӣ намудани 25 чорабиниҳои сиёсӣ метавонад боиси коҳиши глобалии гази карбон - 25% ва метан - 45% шавад, ки ин дар навбати худ ба пешгирии гармшавии глобалӣ аз се то як ҳиссаи дараҷаи ҳарорати Целсий оварда мерасонад.

Далелҳоииловагӣ оид ба ифлосшавии ҳаво:

92% аҳолии ҷаҳон бо ҳавои тоза нафас намекашанд;

аз сабаби ифлосшавии ҳаво ҳамасола 5 триллион доллари ИМА аз ҳисоби иқтисодиёти глобалї барои зарурати иҷтимоӣ харҷ мегардад;

тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030, ифлосии қабати болоии замин ба 26% коҳишёбии  ҳосили зироатҳои асосии кишоварзӣ оварда мерасонад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.