Вохурӣ бо маорифчиёни н.Б.Ғафуров

Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаичорабинињои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳрибаланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии аҳолӣ, санаи 23.05.2019 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят якҷоя бо намояндаи рўзномаи «Садои мардум» бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус бо омўзгорони фанни экология, химия ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ ҷонишини мудири шуъбаи маорифи мазкур баромад карда, оид ба зарурияти тарбия ва маърифати экологӣ изҳори ақида намуд.

Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба сабабу мақсади баргузории чунин вохӯриҳо, дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавзӯъ ва давлати интихобгардидаи баргузории чорабиниҳои ҷаҳонии 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист сухан карда шуд. Ҳамзамон, оид ба нуқтаҳои Паём, ки вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои гуногуни экологӣ, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷӯиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифлоскунандагони асосии ҳавои атмосфера, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид. Дар рафти вохўрӣ ба маорифчиёни ноҳияи Б.Ғафуров рӯзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи илмӣ-оммавии «Ҳифзи табиат», ки матбуоти даврии соҳавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад муаррифӣ карда шуд.

Намояндаи рўзномаи «Садои мардум» Мақсудов М. баромад карда дар бораи тарбияи экологӣ дар оила, корбарӣ бобати баланд бардоштани маърифати экологӣ байни маорифчиёну намояндагони васоити ахбори омма ва дигар масъалаҳои марбут изҳори ақида намуд.

Баъдан саволу ҷавоб амалӣ гардида, аз ҷумла дар бораи ҷойгиронии партовҳо ва ташкил кардани ба хелҳо ҷудо намудани онҳо аз тарафи аҳолӣ, сохтмони заводи коркарди партовҳо ва ба дигар саволҳои омўзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд ва аз тарафи омўзгорон оид ба минбаъд баргузор намудани чунин вохўриҳо дар мавзӯҳои гуногуни экологӣ ва самтҳои дигари ҳифзи муҳити зист изҳори ақида карда шуд.

Ҷиҳати таклифҳои иштирокдорони вохӯрӣ, пешниҳод оид ба зиёд намудани аз 1 то 2 соат дар як ҳафта дарси экология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо сабаби ҳаҷми калони барномаи таҳсилоти фаннӣ  қобили дастгирӣ мебошад.

     Дар интиҳо, бо мақсади бархурдор шудан ва омӯхтани ҷабҳаҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.