Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Баҳри иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якчоя бо мутахассисони  бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов дар ҷамоатҳои шаҳру деҳотҳои Меҳробод,  Деҳмой ва Ғулакандоз амалиётҳои назоратӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёти мазкур ҷойгиронии партовҳои ғайрирасмӣ, ифлоскунии манбаъҳои обӣ  аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт ошкор гардида, нисбати  қонуншиканон – истиқоматкунандагони шаҳраку ҷамоатҳо 7 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Маводҳои тартиб додашуда барои баррасӣ ва чораҷуӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов  пешниҳод карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.