Эълон

ЭЪЛОН

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1.   Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳафои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – сеюм

2.     Сармутахассис оид ба кадри Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – панҷум

3. Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – панҷум

4.     Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд – панҷум

5.     Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан – шашум

6. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – шашум

7. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом – ҳафтум

  Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси муҳандисӣ, биолог, эколог ба  мансаби ишғол шаванда  мувофиқ,  ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеи он;

  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣӣ ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи панҷум;

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи шашум;

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

- 1сол собиқаи меҳнатӣ.

 Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум;

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

 Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозааш 4 х 6)

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолате, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон пешниҳод намоянд.

 Оид ба гирифтании маълумотхои иловагӣ метавонед тариқи сомонаи ecosugd.tj ё ба суроғаиш.Хучанд, хиёбони Р.Набиев №211, муроҷиат намоед. телефонҳо: (3422) 6-03-95, 6-03-96

Скачано с веб-сайта JooMix.org.