Ҷамъбасти озмуни «Ҳифзи муҳити зист – омили ҷалби сайёҳон ва рушди деҳот» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма.

Санаи 13 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии  «Ҳифзи муҳити зист – омили ҷалби сайёҳон ва рушди деҳот»  байни кормандони воситаҳои ахбори омма  баргузор гардид. Муовини сардори Раёсат  Б.Абдумаликзода  зикр намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ ҳамасола эълон мегардад.

     Ба рузноманигорон аз рӯи номинатсияҳои бахши телевизион, матбуот ва радио диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   супорида шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.