Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 50 нафар кормандони беморхонаи клиникавии вилоятӣ, аз ҳудуди беморхона 160 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.

Инчунин, бо ҷалби хонандагони литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, кормандони корхонаи ҶСП «Автосервис» ва соҳибкорон, ташкилотҳои назди соҳил ҷойгирбуда, кӯчаи 15-солагии Истиқлолият ва соҳили дарё низ аз партовҳо тоза карда шуд. Донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тоза кардани мавзеи мошинсарои маҳаллаи 18, аҳли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, 16, 27 ва кормандони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и вилоят ҷиҳати тоза намудани партовҳои канори дарёи Сир саҳм гузоштанд.

 Дар рафти аксия ба миқдори 188 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, бо нақлиётҳои махсуси партовкашони КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳ бароварда шуд.

Дар ин чорабинӣ  дар маҷмӯъ беш аз 360  нафар сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Аз тарафи Раёсат иштирокдорони аксия бо 500 адад халтаҳои полиэтиленӣ барои ҷамъоварии партовҳо ва 300 адад дастпӯшакҳои корӣ таъмин карда шудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.