Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

Category: News Written by Администратор Hits: 3320

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳолати истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум - шағал ошкор гардид. Аз ҷониби сокини деҳаи Қипчоқи ҷамоати мазкур Ирисқулов Баҳодур Абдулҳаевич ғайрирасмӣ ва худсарона, бе иҷозати мақомоти дахлдор аз селроҳаи дашти Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров шағали табиӣ барои истифодабарӣ истихроҷ карда шуд. Шағали ғайриқонунӣ истихроҷгардидаро Ирисқулов Б.А. бо воситаи нақлиёти худ тамғаи «Ҳундай-Портер», рақами давлатӣ «9085 НО 02», кашонидан мақсад дошт. Дар натиҷа нисбати Ирисқулов Б.А. бо дастрасии моддаи 238-и «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои татбиқи ҷазои маъмурии ҷаримабандӣ ва пешниҳоди ҷуброни маблағи зарар мавод ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шуд.