Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Category: News Written by Администратор Hits: 3343

    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ дар ш.Гулистон вохӯрии мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо донишҷӯёни курси 3-юм доир гардид. Дар вохӯрӣ бобати тағъирёбии иқлим, обшавии пирьяхҳо ва ҳифзи онҳо, самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, муомилот бо партовҳо, муаррифии минтақаҳои сайёҳии маҳали зист ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ баромадҳо шунида шуд. Аз ҷониби донишҷӯён низ фикру ақидаҳо нисбати беҳдошти муҳити зист, вобастагӣ ва таъсири муҳити зист ба саломатии инсон,  масъалаҳои ҳалталаби экологӣ баён гардиданд. Баргузории чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимӣ дар миқёси вилоят ба нақша гирифта шудааст.