Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

Category: News Written by Администратор Hits: 6229

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 20 феврал дар минтақаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки  зиёда аз 360  нафар кормандони кӯдакистони Президентӣ, лицейи политехникӣ, Маркази дилшиносии вилоят, беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ, коллеҷи тиббӣ, махалаи 1 май аксия  гузаронида шуд.

Дар рафти аксия ба миқдори 20 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, бо нақлиётҳои махсуси партовкашони КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳ бароварда шуд.

 Инчунин, аксияи «Ободонии маҳали зист» дар қаламрави н.Б.Ғафуров, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Ғафуров, Хистеварз, Исфисор, Овчиқалъача,  Ғозиён, Ёва,  Ҳ.Усмонов,  Унҷӣ,  Д.Холматов,  Исмоил ва  Чашмасор  бо  иштироки  зиёда аз 8700 нафар гузаронида шуданд.

Дар рафти аксия ба миқдори 103 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, бо нақлиётҳои махсуси партовкашони КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд, КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва муассисаҳои махсуси партовкашон ноҳия  ба партовгоҳ бароварда шуд.

Дар рафти чорабинии мазкур зиёда аз 3845 бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуда дар масоҳати 5620 м2  майдончаҳои сабз гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.