Бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Айнӣ - дар оинаи сайру саёҳат

Category: News Written by Администратор Hits: 3379

Ноҳияи Айнӣ таърихи зиёда аз 1300 сола дошта, маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки муаррихи араб Алистархӣ ва адиби барҷаста Захириддин Бобур онро кашф намудаанд. Шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва боғдорию чорводорӣ мебошад. Ҳар як деҳаи хурду калони ноҳия манзараҳои нотакрор дошта, сайёҳонро мафтун намудааст ва онҳо аз тамошои он манзараҳо лаззат мебаранд. Ноҳия дорои якчанд ширкатҳои туристӣ буда, Искандаркӯл, кӯлҳои Аловиддин, дараи Яғноб, маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносиро дарбар мегирад. Инчунин қадамҷои орифи бузург Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб, мулло Абдуллои Валӣ дар деҳаи Ревад, масҷиди гузари Лангар, қадамҷо ва зиёратгоҳи шайх Абулқосим Гургонӣ дар деҳаи Урметан буда, имрӯзҳо ба маркази фароғату истироҳати сайёҳони ватанию хориҷӣ табдил ёфтааст. Ноҳия дар самти сайёҳӣ, экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, тиҷорат, табобатию этнографӣ ва туризми кӯҳнавардӣ хеле  қулай мебошад. Инчунин дар ноҳия шумораи масҷидҳо, кушкҳо, ғорҳо, мавзеъҳои таърихӣ, калъаҳо зиёд буда, таърихи қадимаю бой доранд.

      Он рӯз дур нест, ки ноҳияи Айнӣ дар ин соҳа низ ба дастовардҳо ноил гардида, хатсайрҳои нав ба нави сайёҳӣ ташкил меёбад ва шумораи сайёҳони ватанию хориҷӣ бамаротиб афзуда, ноҳия ба таври бояду  шояд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда мешавад.