Муаррифии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - меъморӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 3238

Дар «Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бори дигар дарк намуд, ки халқи тоҷик гузаштаи бою таърихӣ дошта, ҳар як арзиши миллии мо, ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, миллатдӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносӣ тарбия менамояд. Зеро маҳз дар ин солҳо барои ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад ва маблағҳои зиёде ҷудо мегарданд, ки мероси гаронбаҳову таърихии мо аз нав таъмиру тармим ва манзури меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардонида шавад. Конибодом дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои боэътимоди илмӣ ба ҳайси яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Яке аз шохаҳои роҳи бузурги Абрешим 3700 сол муқаддам аз ин шаҳр мегузашт ва тавассути Хуҷанду Истаравшан, Самар-қанду Бухоро то ба Марв мерасид. Конибодом дар гузашта яке аз шаҳрҳои маъмуру ободи Осиёи Миёна буд ва бо номи «Канд» шӯҳрат дошт.

Аз ҳуҷҷатҳои қадима аён гардидааст, ки Конибодом ҳанӯз пеш аз истилои араб вуҷуд дошт. Конибодом аз қадимулайём бо бодоми худ машҳури ҷаҳон буд. Бо шӯҳрати бодоми ин шаҳр дар ашъори Ҳаким Сӯзании Самарқандӣ ва шоири Конибодомии асри ХII Шайх Бобо Табиби Фарғонӣ ишора рафтааст. Дар ин бора адиб ва муаррихи араб Ёқути Ҳамавӣ низ дар китоби худ «Муъҷам-ул-булдон» аз ҷумла навиштааст: «Канд бо сабаби фаровонии бодом бо номи Конибодом маъруф аст. Бодоми ин ҷо бисёр хуштаъм ва тунукпуст буда, пӯсташ бо соиши даст майда мешавад». Ин гуна маълумот дар «Бобурнома»-и адиб ва ходими давлатии асри ХУ1 Зуҳуриддин Муҳаммад Бобур низ қайд шудааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки Канди бостонӣ аз асрҳои ХП-ХШ сар карда ба худ «Конибодом» ном гирифтааст.  

Яке аз ёдгориҳои таърихӣ - «Мадрасаи Оим» аст, ки дар сари роҳи қадимаи Конибодом - Қӯқанд, дар самти роҳи Патар воқеъ буда, аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки мадраса аз ҷониби яке аз шогирдони мадраса Қорӣ Исмати Ҷамол соли 1825 мавриди истифода қарор гирифтааст.

    Мадрасаро Мулло Миролим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибӣ Оим номгузорӣ кардааст. Бинои ёдгории таърихии «Мадрасаи Оим» росткунҷа буда аз 25 ҳуҷра иборат аст. Даромадгоҳи он аз тарафи шимол буда, ду тарафи онро бинои гумбаздор бо ҳам мепайвандад.