Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Category: News Written by Администратор Hits: 3337

    Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №2/12-05-2279 аз 26 декабри соли 2019, иҷрои нақшаи корӣ, оид ба пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ ва талаф наёфтани онҳо аз сардиҳои зимистони соли 2020 дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Шаҳристон, гардишгоҳи №8-и мавзеъи Кемқул-сой аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳафтаи охир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин минтақа ба миқдори 100 кг ҷуворимакка, 100 кг резаи гандум, 50 кг лаблабу, 50 кг себ, 150 кг меваи дарахти булут, 340 кг хошоки дағал паҳн карда шуд.  Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар минтақаҳои баландкӯҳ пешбинӣ гардидааст.