Паём – қутбнамои ҷомеа

Category: News Written by Администратор Hits: 3271

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, бо мақсади  омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати Чорухдайрони ш.Гулистон  санаи 13 январи соли равон вохӯрӣ доир гардид. Дар он вакилон, намояндагони сохторҳои  маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо  иштирок доштанд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дастовардҳои соли сипаришуда, тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дар бораи эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сухан кард.

     Ҳамзамон ба ҳозирин оид ба татбиқи нақшаи  чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  ибрози  ақида намуд.