Амалиёти фаврӣ дар ш.Истаравшан

    Бино ба иттилои шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», тибқи нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёти Камаз, раками давлатиаш 3615 КА-02 дар қадди роҳи мошингард ҳолати ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ошкор гардид. Нисбати ронанда Баротов Б.Б.-  истиқоматкунандаи деҳаи Чорбоғи ш.Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва чораҷӯии минбаъда ба бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истаравшан фиристода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.