Семинари сайёр таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст»

24 феврали соли равон дар маркази таҳсилоти иловагии  ш.Истаравшан семинари сайёр таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи ватан аст» бо мушовирон ва роҳбарони маҳфилҳои табиатдӯстон доир гардид. Дар он намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен, Масчоҳ, Ғончӣ, Б.Ғафуров иштирок доштанд. Дар семинар татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома ва амалӣ намудани дастурҳои методӣ дар фаъолияти шӯъбаҳои «Табиатдӯстон»   мавриди  баррасӣ  қарор гирифт.

Дар рафти семинар мушовирони марказҳо оиди фаъолияти шӯъбаҳои «Табиатдӯстон», мудири шӯъбаи маркази таҳсилоти иловагии вилоят оиди натиҷабардорӣ аз баргузории озмунҳои вилоятии экологӣ маърӯзаҳо намуданд.

Дар интиҳо иштирокчиёни семинар ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак баҳри ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани тарбия ва  маърифати экологии насли наврас изҳори ақида намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.