Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 5500 - солагии шаҳри Саразм

Category: News Written by Администратор Hits: 3476

Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣва ҷашни бузурги миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр як қатор корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

     Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба иттилоъ дод, бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ҷамоат кофтани чоҳҳои амудӣ барои обёрӣ намудани заминҳои ташналаб ва бо оби ошомиданӣ таъмин кардани худи сокинони деҳаҳои Хамиртеппа, Шӯрча, Сӯфиён ва Кабудсанги шаҳри Панҷакент  ба роҳ монда шуда,  беш аз 5 чоҳи амудӣ кофта ба истифода дода шуд, ки ин  барои боз ҳам беҳтар  гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ мусоидат менамояд.