Корҳои ободониву созандагӣ дар ш.Исфара

Category: News Written by Администратор Hits: 3354

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми  бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Исфара дар шаҳр  ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин росто дирӯз дар маҳаллаи Офтобруйи ҷамоати деҳоти Навгилем ва МТМУ № 13-и ҳамин ҷамоат бо дастгирӣ ва  иштироки васеи аҳли сокинони маҳалла  зиёда аз  1809 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.

     Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони хамешасабз  дар дигар минтақаҳои шаҳр идома  меёбад.