Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Деваштич

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич маълумот дод, ки дар хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия  дар якҷоягӣ бо мутахассисони бахш бинобар сард ва сербориш омадани обу ҳаво дар доираи чорабиниҳои биотехникӣ барои ҳайвонот ва паррандаҳои ёбоӣ ему хошок ва резадонаи  ғалладонагиҳо ба доманакӯҳҳои  сербарф  гузошта шуд. 

    Тибқи баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангал-парварӣ дар хоҷагии мазкур тақрибан 500 кабутар, 30 сар хуки ёбоӣ, 15 гург, 130 сар харгуш,  93 сар рубоҳ , 3 сар хирс, 20 сар бузи куҳӣ, 200 кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.

    Бешабонҳои  хоҷагӣ  соли гузашта  дар майдони 50 га бар зидди ҳашароти зараррасон тадбирҳои профилактикӣ  андешида, дар мавзеи Ширровут  дар майдони 1,5 га  ниҳолхона ташкил намуданд. Ҳамзамон нақшаи ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш 500 кг  иҷро  карда  шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.