Семинари бозомӯзӣ

Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо семинари бозомӯзӣ гузаронида шуд. Мувофиқи барнома дар семинари мазкур масъалаҳои муҳим – фаҳмонида додани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», фаҳмонида додани тартиби дурусти ҳисоби пардохтҳои ҳатмии экологӣ, моҳияти «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ», тарзи ҳисоби пардохти ҳифзи ҳавои атмосфера ва ҳисоби зарар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ, тарзи дуруст тартиб додани ҳисоботҳо, пардохти ҳатмии экологӣ, минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои обӣ, коргузорӣ оид ба баррасии муроҷиатҳои хаттӣ, электронӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси талаботи Қонун ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баррасӣ гардид.

     Дар рафти семинар иштирокчиён ба суолҳои худ оиди масъалаҳои мавҷуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.