Ҷаласаи Комиссияи ноҳиявӣ

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов комиссияи навбатӣ "Оид ба тартиби ошкор кардани партовҳои бесохиб ва кам кардани хаҷми ҳосилшавии партовҳо" бо иштироки аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳо доир гардид. Дар рафти комиссия таъмини иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷ.Расулов № 523 аз 23 октябри  соли 2013 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳиб» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Котиби комиссия, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов Каримзода Ф. зимни баромади худ кайд намуд, ки бо мақсади ошкор кардани партовҳои бесоҳиб дар қаламрави ноҳия, баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо дар 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 11 адад партови бесоҳиб ошкор карда шуда, барои пурра бартараф намудани онҳо то 10 феврал муҳлат дода шуд.

     Ҳамчунин бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани  чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҷиҳати бехтар намудани вазъи экологӣ ба хочагиҳои  манзилию коммуналии ноҳия барои ҷоннок намудани фаъолият ва андешидани тадбирҳои иловагӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.