Маросими муаррифии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

4 феврали соли 2020 дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон  маросими муаррифии  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С.Н., муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р., и.в.раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Т., сардорони шуъбаҳо ва кормандони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Муовини Раиси Кумита  зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо  пешниҳоди Раиси вилояти Суғд ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д.Қ. аз 3 феврали соли 2020, № 23 «ҲШ»  Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таъин гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳакимзода Абдуаҳад  Қурбон  13 июли соли 1989 таваллуд шудааст. Соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар Агентии Тоҷикстандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оғоз намуд. Минбаъд  дар соли 2015 ҳамчун мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон ва аз мохи августи соли 2015 инҷониб дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон фаъолият  кардааст.

Муовини Раиси Кумита Абдураҳмонзода С.Н. ва муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р. ба Нӯмонзода Т. барои фаъолияти пурсамараш ба ҳайси сардори Раёсат изҳори сипос намуда, ба Абдуаҳад Хакимзода баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно  намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.