Санҷиши фаъолияти комиссияи ноҳиявӣ оид ба маърифати экологӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 3188

Дар асоси нақшаи корӣ ва нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД ноҳияи Ҷ.Расулов оид ба маърифати экологӣ ва рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои вобастагардида санҷида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи Барномаи мазкур ва талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», маводи сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳия, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши фарҳанг ва 5 ҷамоати шаҳраку деҳот дида шуд.

      Дар аксарият сохторҳои мазкур корбарӣ роҳандозӣ гардида, маълумоти соли 2019 пешниҳод карда шуд. Аммо, дар ду сохтор - комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш то ҳол корбарӣ ба роҳ монда нашудааст ва ҳангоми санҷиш ягон мавод пешниҳод нагардид. Дар рафти санҷиш бо роҳбарони ҳар як сохтор сўҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, барои минбаъд ислоҳи камбудӣ ва дуруст пешниҳод намудани маълумоти ҷамъбастии татбиқи Барнома тавсияҳо дода шуд. Оид ба гузаронидани санҷиши мазкур гузориши муфассал ба муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ пешниҳод карда мешавад.