Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Category: News Written by Администратор Hits: 279

Чӣ хуш аст, ки бо омадани фасли зебои сол – баҳори нозанин ва Наврӯзи ҳуҷастапай Замин аз нав эҳё гашта, ба ҳама мавҷудоти рӯи олам нерӯи тоза мебахшад. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём дар оғози фасли зебои сол ба шинонидани дарахту ниҳолҳо, бунёди боғҳо шурӯъ мекарданд. Хушбахтона, баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-ум инҷониб бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби  ҳамватанонамон пуштибонии ҳамаҷониба пайдо намуд.

Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст.» Яъне Наврӯз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати  Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем».

     Бо истифода аз ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи онҳоеро, ки дар беҳдошти муҳити зист саҳми арзандаи худро мегузоранд, ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, сулҳу оромӣ, баракати хонадон ва хоҳони амалӣ  гаштани орзуву ниятҳои Наврӯзиатон ҳастам.