Амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров

Category: News Written by Администратор Hits: 2926

    Ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, назорати доимии манбаъҳои обӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи нозирони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои обӣ маҳсуб меёбад. Бино ба иттилои нозирони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби Раёсат хангоми дида баромадани аризаи шикоятии роҳбарияти бозори чорво воқеъ дар н.Б.Ғафуров нисбати директори ҶДММ «Беҳбудхӯҷа» Атаев Асадулло барои ифлос намудани манбаи обӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаҳои 44,53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тартиб дода шуда буд.

    Аз ҷониби қонуншикан дируз таҳти назорати нозирони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби Раёсат канали мазкур пурра аз партов тоза карда шуд.