Аксия "Тозагии соҳил"

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020., №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» ва фармоиши Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз санаи 22.01.2020 сол №04 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» дар ҳудуди вилоят аксияи мазкур гузаронида шуд.

      Дар ин чорабини 1587-нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 22,35 км соҳилҳои манбаъҳои обӣ аз ҳаргуна партовҳо тоза гардид. Дар натиҷа 12,3 м3 партовҳо бо воситаи 7-адад техника бароварда шуда, ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзили комуналии шаҳру ноҳияҳо ҷойгиронида шуд. Аксия бо тариқи теливизони маҳалли ТВ “Суғд”, ТВ “СМ-1”, ТВ “Азия”, ТВ “Танин”, ТВ “Диёр”, ТВ “Сомон” ва ТВ “7-Ситора” ба навор гирифта шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/550-aksiyatozagiisohil042020.html#sigProGalleriaad999bc5b1
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.