Аксия бахшида ба санаи муҳими экологӣ - 5 июн

 Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 30 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Яке аз онҳо ин аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус COVID– 19 ба кормандони корхонаи ободонии шаҳри Хуҷанд, ки бо рўбу чини кўчаю хиёбонҳо машғул мебошанд. Субҳи рўзи шанбе аз ҷониби кормандони раёсат, ки барои онҳо  футболка ва кепка бо навиштачот пешаки омода гардида буд, дар кўчаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ба занҳо – рўбандаи корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, кормандони хадамоти партовкашонӣ ва инчунин шаҳрвандони эҳтиёҷманд маводи пешгирӣ, аз он ҷумла ниқоб, дастпўшаки резинӣ, маводи антисептикӣ ва варақаи иттилоотӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ тақдим карда шуд. Дар маҷму, дар рафти аксия 1,5 ҳазор чунин мавод дастрас гардид.

    Ҳамзамон, барои деҳқонои ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов, ки ҳамин рўз дар саҳро бо корҳои коркарди замини атрофи зироатҳои кишоварзӣ, шоликорию боғдорӣ 50 адад сарпўши аз офтоб ва тўри аз пашача эмин медошта тақдим карда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/565-aksiyabbsmeco062020.html#sigProGalleriada3d89d357
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.