Чорабиниҳои муҳими экологӣ дар шаҳри Конибодом

 Дар шаҳри Конибодом дар арафаи таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист як қатор чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баргузор гардид. Дар давоми ду рўз аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар миқёси шаҳр ва ҷамоати деҳот ҳамагӣ бо иштироки беш аз 3,9 ҳазор нафар шаҳрвандон гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки якҷоя бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр 2,4 км селроҳаи №7 бо ҷалби техникаи махсус кофта тоза карда шуд. Дар корҳои мазкур 45 нафар мутахассисону кормандони хоҷагии об ширкат варзиданд.

    Дар ҳудуди хиёбони марказии Исмоили Сомонӣ ва ду тарафи шоҳроҳи нақлиётгарди Коллеҷи технологии шаҳр бо иштироки 540 нафар шаҳрвандон корҳои рўбучин дар масоҳати 2,1 ҳазор метри мураббаъ, тоза кардани ҷўйбор – 1,2 км, сафед намудани пояҳои 64 адад дарахтон бо ба шакл даровардани шоҳҳо ва баровардани партов – 6,2 тн амалӣ гардид.

    Дар маҷмўъ, дар дар давоми ду рўз корҳои рўбучин намудани атроф – 24,8 ҳазор метри мураббаъ, тоза намудани ҷўйбор - беш аз 1,5 км ва заҳбуру канал – 3,1 км, сафед кардани пояҳои дарахт – 960 бех ва сарҳади қадди роҳҳо – 1 км, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона – 36 га ва баровардани партов – 16,4 тн ба сомон расонида шудаанд.

    Баҳри пешгирӣ аз касалии коронавирус COVID – 19 дар рафти чорабинӣ як қатор идораю ташкилот корҳои безараргардонӣ гузарониданд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/580-chorabibnikonibodom05062020.html#sigProGalleria01091002d6
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.