Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Гулистон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Гулистон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарури андешида шуда, як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Бо иқдоми пешгирифтаи кормандони бахш дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик, ки шаҳрвандон ба он ҷо барои оббозӣ мераванд, аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 250 нафар аҳолӣ иштирок намуда, беш аз 4 км соҳили обанбор ва ҷойҳои обутобгоҳ ташкил гардида аз ҳаргуна партовҳо, хусусан партовҳои пластикӣ тоза карда шуд. Ҳамагӣ қариб 3 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.

     Ҳамчунин, аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки беш аз 1 ҳазор нафар намояндагони идораю ташкилот, муассисаҳо ва аҳолӣ гузаронида шуд. Дар рафти аксия корҳои ободонию гулшинонӣ, тоза намудани роҳҳо ва қадди роҳ амалӣ гардид. Дар рўзҳои баргузории аксия ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳудуди идораю ташкилот бо мақсади пешгирии касалии коронавирус COVID – 19 бо маҳлулҳои махсус безарар гардонида шудаанд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/581-chorabibishguliston062020.html#sigProGalleria1d78006916
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.