Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

Category: News Written by Администратор Hits: 2921

 Мувофиқи нақшаи пешбинигардида ва дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва намояндагони хоҷагиҳои қадди роҳ, муассиса ва ташкилот, дар маҷмўъ 350 нафар корҳои ободони ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксия 6,7 км ду тарафи роҳи Б.Ғафуров – Конибодом аз партов ва алафи хушк тоза карда шуд. Ҳамзамон, баҳри пешгирии пайдошавии партовҳои бесоҳиб бо аҳолии, ки хонаи истиқоматӣ дар наздикии роҳ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани атроф, напартофтани партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ амалӣ гардид. Дар охири баргузории аксия зиёда аз 15 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

      Ҳамчунин, бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист корҳои безараргардонӣ оид ба пешгирии касалии сироятии коронавирус COVID – 19 дар чойҳои ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои савдои бозори марказии «Фаровон»-и ноҳияи гузаронида шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/582-chorabibnibgafurov05062020.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria842729801f
joomlamodniyportal.ru