Санаи экологӣ 17 июн - рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайхи биёбоншавӣ ва хушксолӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 2892

Биёбоншавӣ – яке аз муаммоҳои замони муосир мебошад, ки дар зиёда аз 100 кишвари олам ба мушоҳида мерасад, яъне панҷяк ҳиссаи аҳолии рӯи замин бо ин муаммо рӯ ба рӯ аст. Бо назардошти ин мушкилот Маҷмаи умумии СММ соли 1994 дар бораи эълони Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар санаи 17 июн қарор қабул намуд. Дар худи ҳамин сол Конвенсияи СММ оид ба биёбоншавӣ қабул гардид. Аз кишварҳои аъзо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин рӯз (17 июн) оид ба баланд бардоштани иттилооти аҳолӣ дар мавриди зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ ва татбиқи Конвенсияи СММ доир ба мубориза бо биёбоншавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ғайр аз он, худи биёбонро ҳамчун экосистемаҳои муҳим ва ҳамчун макони тамаддуни қадимӣ муҳофизат кардан зарур аст.

 Бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз январи соли 2010 то декабри соли 2020, Даҳсолаи байналмилалӣ бахшида ба биёбоншавӣ ва мубориза бо биёбоншавӣ эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997-ум ба Конвенсияи мубориза алайҳи биёбоншавӣ ҳамроҳ гаштааст.

Аз рӯзномаи  “Инсон ва табиат”.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/587-1706ruzibiyobonshavi062020.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria771b5a883e
joomlamodniyportal.ru