Корҳои профилактикӣ дар шаҳри Бӯстон

Category: News Written by Администратор Hits: 2869

 Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рузи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ  бомаром  идома дорад. Бо ин мақсад тибқи накшаи чорабиниҳои  бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бӯстон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар як қатор мавзеҳои кабудизори шаҳр, кӯчаву  хиёбонҳо ва боғи истироҳатии шаҳр, бо истифодаи техникаи махсус корҳои профилактикӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки ҳангоми азназаргузаронии мавзеҳои кабудизори шаҳр ҳодисаҳои ба касалӣ гирифтор шудани ниҳолҳо ва дарахтон мушоҳида гардид, ки ин боиси рехтани баргҳои дарахтон ва хушкшавии онҳо гардида, ба ҳолати экологӣ ва эстетикӣ таъсири манфӣ  расонид. Ба сохторҳои масъул  тавсия дода шуд, ки бо мақсади тезтар барқарор кардани дарахтони касал онҳо бояд  бо маводҳои иловагии ғизоӣ таъмин карда шуда,  обмонии дарахтон ва ниҳолҳо мунтазам ба роҳ монда шавад. Тибқи тавсияи дарахтшиносон (дендрологҳо) корҳои профилактикӣ  ҳар  20-25 руз гузаронида мешавад.