Натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсат дар нимсолаи якуми соли 2020

 Санаи 10 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натичаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р. баргузор гардид. Маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд шунида шуда, қайд карда шуд, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа, вусъат бахшидан ба корхои ободониву  кабудизоркунӣ, ҳалли муаммохои экологӣ натиҷаҳои  хубро муваффақ гардид.

 Рафти ҷаласа аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии раёсат пурсиш ба амал оварда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда супоришҳо дода шуд.

    Дар навбати худ муовини раиси вилояти Суғд Каримзода Р.Р. оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ бахшида ба истиќболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, дар амал татбиқ намудани сиёсати экологӣ, омодагӣ ба 5500-солагии Саразми бостонї,  баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  ибрози ақида намуд. Дар интињо ќарори дахлдори љаласаи љамъбастии раёсат ќабул гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.