Аксияи “Тозагии соҳил” бо иштироки ҷавонону варзишгарон дар шаҳри Хуҷанд

Ба истиқболи сазовори ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ободу зебо гардонидани муҳити атроф, корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд вусъати тоза гирифта истодааст. Дирӯз дар ду тарафи соҳили дарёи Сир бо иштироки кормандону мураббиёни мактабҳои варзишии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҷавонону варзишгарон аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар доираи аксия соҳили Сирдарё аз партовҳо ва алафҳои худрӯй ва хушкшуда тоза карда шуданд.

    Баргузории чунин аксияҳо баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва зебоипарастӣ таъсири худро мегузорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.