Рӯзи ахбори сиёсӣ зери унвони «Дар ҷавонӣ саъй кун»

Category: News Written by Администратор Hits: 6125

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки  муовини сардори Раёсат ва кормандони Раёсат рӯзи ахбори  сиёсӣ  дар мавзӯи «Дар ҷавонӣ саъй кун» баргузор гардид.

Дар маҷлис сармутахассис оид ба сиёсати экологӣ баромад намуда, зикр кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят 50 фоизи кормандонро ҷавонон ташкил дода, сол аз сол ҷалби мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Хукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд. Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.  

Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати  самаранок гузаронидани вақти ҷавонон, аз ҷумла ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷӯҳи махсус дода шуда, дар ин самт аз усулҳои муосиру пешқадам истифода карда мешавад.

Дар рафти маҷлис мутахассисони ҷавони Раёсат ҷиҳати пуштибонии ҳамаҷонибаи онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, арҷгузорӣ ба сулҳу субботи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар Райъпурсии умумихалқӣ изҳори  ақида намуданд.