Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмун

Category: News Written by Администратор Hits: 2846

Санаи 22 сентябри соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон чорабинии супоридани диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умуми ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Оғоз аз моҳи марти соли равон озмун барои хонандагондар мавзӯи«Тозагии муҳити зист – омили саломатии ҷомеа» ва намояндагони васоити ахбори омма таҳти унвони«Сатҳи баланди маърифати экологӣ - пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» эълон гардида буд. Озмунҳои мазкур ҷиҳати мусоидат ба татбиқи фарогирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 – 2028 ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар 6 номинатсия баргузор гардида, дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъбаст карда шуд.

 Дар маҷмўъ, аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Конибодом, Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Деваштич, Мастчоҳ – 14 нафар хонандагон ва 6 нафар рўзноманигорону кормандони телевизион ва радио аз вилояти Суғд сазовори мукофотҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

    Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси Кумита даҳ сол инҷониб озмунҳои мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳавасмандии хонандагон ва рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/677-jambastiozmun22092020.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria225a208568
joomlamodniyportal.ru