Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши н.Айнӣ

Дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти н.Айнӣ, ки ҳамчун объекти ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода иброз доштанд, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон айни замон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирад. Ифтитоҳи бинои наву хуштарҳ дар ноҳияи Айнӣ дар остонаи Иди Ваҳдат бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ки аз тарафи ЧДММ «Идораи байнихоҷагии ноҳияи Айнӣ», дар муддати кӯтоҳ сохта  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани бинои тозабунёди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар остонаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист басо рамзист.

Ин ҳама ободкориҳо самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.