Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Category: News Written by Администратор Hits: 3742

Бо самимияти афзун Шумоёнро бо фарорасии ин санаи муборак, яке аз шарти асоситарини давлатдории мустақил, шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи обод ва нерўи таконбахши ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегуям. Аҳамияти таърихӣ ва бузурги қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он зоҳир мегардад, ки тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуд. 

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».

    Дар ин ҷашни таърихӣ ба Шумоён саломатии бардавом, иқболи баланду саодатмандӣ таманно намуда, дар фаъолияти пурмаҳсулу пуршарафатон пирўзиҳои рўзафзунро орзу менамоям.