Вохӯрӣ бо донишчўён бахшида ба санаи экологӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 3835

  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон диёри кӯҳсор мебошад ва 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳо иборатанд. Бинобар он, басо рамзист, ки ба санаи 11 декабр - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо аҳамияти хоса дода мешавад. Бахшида ба ин санаи экологӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара бо мақсади рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо донишчўён вохӯрӣ баргузор намуданд. Мутахассисони бахш дар бораи ҳамасола ҷашн гирифтани санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор аз ҷониби табиатдӯстони олам маълумот пешниҳод кардаанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки қариб 15 фоизи аҳолии кураи замин дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд ва СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.