Аксияи «Тозагии соҳил» дар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров

 Тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист яке аз равандҳои асосӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб мераванд. Аз оғози соли нав Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри бахшидани тақвият ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ба зерсохторҳо барқия оид ба баргузории аксияи «Тозагии соҳил» ирсол намуд. Ҳангоме, ки аз мушоҳидаҳо дида мешавад оби дарёи Сир камтар боло рафта, эҳтимоли ба об ворид гардидани партовҳои истеъмолии дар соҳил мавҷуд буда ба миён меояд.

 Бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, аз он ҷумла соҳили дарё ва сойю каналҳо дар ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ҷамоати деҳоти Ғозиён ва Исфисори ноҳия дар маҷмуъ, 150 нафар сокинон дар рафти аксия иштирок намуда, бо пуррагӣ 200 метр сойи Хоҷабоқирғонро аз партовҳо тоза карда, дар ҳаҷми 3,5 тонна партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти Ёва, ба номи Ҳайдар Усмонов ва ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳия низ аз тарафи аҳолӣ аксияи «Тозагии соҳил» дастгирӣ ёфт ва дар натиҷа зиёда аз 2 километр ҷўйборҳои қадди роҳ тоза гардида, 4 метри мукааб партов ба партовгоҳи КДК «Сафо»-и ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бароварда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://ecosugd.tj/en/news/760-tozagisohilbgaf122021.html#sigProGalleriace01a1e27d
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.