Амалиётҳои фаврии назоратӣ дар ҷамоати деҳоти шаҳри Конибодом

Category: News Written by Администратор Hits: 3365

 Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар мавсими шикор ва умуман шикоргоҳу ҷойҳои шикор баргузории амалиётҳои фаврӣ оид ба пешгирӣ намудани шикори ғайриқонунии ҳайвонот, сайди ғайриқонунии моҳӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик» ва бурриши ғайриқонунии дарахтон пешбинӣ гардидааст.

 Амалиётҳои фаврӣ дар ҳудуди минтақаҳои деҳаҳои Маҳрам, Ҷаҳонзеб ва Манори ҷамоати деҳоти шаҳри Конибодом гузаронида шуд. Бо сабаби сард будани ҳаво ях бастани қисми соҳилии обанбори «Баҳри Тоҷик» мушоҳида карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ ҳодисаи сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардида, нисбати қонунвайронкунанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.  Ҳамзамон, бо қонунвайронкунанда оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ гардид.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/763-amaliyoti-shikor012021.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria0b69cc28a3
joomlamodniyportal.ru