Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Category: News Written by Администратор Hits: 2282

 Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов «Корпоратсияи моҳии Тоҷик» ташкил гардида истодааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинигардида бо парвариши гулмоҳӣ машғул мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ бо суръат идома ёфта, бо истифода аз техникаи пуриқтидор кофтани 25 ҳавзи моҳипарварӣ амалӣ шуда истодааст. Майдони умумии хоҷагии мазкур дар 3 гектар ҷойгир мешавад ва тибқи нақша дар қисми аввал 100 ҳазор моҳичаҳои гулмоҳӣ парвариш меёбанд. Аллакай, пас аз соли якум хоҷагӣ ният дорад, ки 100 тонна гушти тайёри гулмоҳиро пешкаши харидорон намояд. Намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва «Корпоратсияи моҳии Тоҷик»-и Ҷумҳурӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намудан ва як қатор маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.

   Бояд қайд кард, ки ба истифода додани хоҷагии мазкур дар рўзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Минбаъд, бо мақсади фароҳамоварданишароити зиёдшавии моҳичаҳо ва афзоиши маҳсулот ташкили сохтмони сехи инкубатсия пешбинӣ гардидааст.