Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Тағйирёбии иқлим дар кураи Замин»

Санаи 20 июни соли равон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  ҷамъбасти озмуни вилоятии «Тағйирёбии иқлим дар кураи Замин» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир гардид. Имсол озмун бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ доир ба ҳифзи муҳити зист ва бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи ««Тағйирёбии иқлим дар кураи Замин» аз рӯи 9 номинатсия  гузаронида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки аз вилояти Суғд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара,Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Ашт 4 нафар бо диплом ва 2 нафар бо мукофотҳои ҳавасмандкунӣ сарфароз гардиданд.

Дар даври вилоятии озмун ба 7 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Хуҷанд, Истиқлол,  Истаравшан, Спитамен, Ғончӣ ва Масчоҳ тӯҳфаҳо ва дипломҳои сардори Раёсат супорида шуд.

Ҳадафи баргузории озмун ин баланд бардоштани тарбия ва дониши экологии мактаббачаҳо, ташаккули мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷалби онҳо ба муаммоҳои экологӣ маҳсуб меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.