Аксияҳои экологӣ ва ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

  Тибқи дастуру супоришҳои қарори мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати деҳоти Меҳробод ва Ориёни ноҳияи Ашт аксияҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва ҳамчунин маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Ҳамагӣ беш аз 1,6 ҳазор нафар намояндагон ва аҳолии ҷамоати деҳот дар корҳои кабудизоркунию ободонӣ иштирок намуданд. Дар рафти аксияи «Тозагии соҳил» 4 километр соҳили сойи Шайдон ва ҷӯйбор аз партовҳои истеъмолӣ тоза гардида, дар рафти аксияи «Тозагии маҳал» бошад 4,5 километр роҳҳои асосию протоколӣ рӯбучин карда, дар маҷмуъ, аз тарафи кормандони хадамоти хоҷагии манзилию коммуналӣ 6,7 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар ҳудуди ҷамоати деҳот иштирокчиёни маърака 1335 бех ниҳоли дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинониданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.