Паём дастури раҳнамо

   Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 29 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо намояндагони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Зунунхӯҷаев З. ва Латипов И. доир гардид. Зимни вохӯрӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд  қайд намуд, ки имсол Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишварамон пешниҳод гардид. Соли сипаригашта руйдодҳои муҳиму таърихӣ таҷлили ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ баргузор гардид.

   Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва моро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ, ки дар Паём баён гардидаанд, аз он ҷумла рушди ҳамаи соҳаҳо, таъмини фазои солими ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум ҳамаи имкониятҳоро истифода барем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.