Гузаронидани мониторинги экологӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд дар моҳи феврали соли ҷорӣ

  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тибқи нақшаи корӣ дар моҳи феврали соли равон мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Дар рафти гузаронидани мониторинги экологӣ тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо, ҳамчунин ҳолати таркиби хок ва дараҷаи радиатсия муайян карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ченкунии вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудудисанитарӣ - муҳофизатӣтохатисарҳаддармасофаиаз 500 метр то 2 километр дур амалӣ гардид.  Дар мавзеъи Янги – Қӯрғони ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, намунаҳои њавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Ҳамзамон, зимни мушохида ва ченкунихои инструментал дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунахои партовхои моддахои зарарнок ба хавои атмосфера амал гардид. Натиҷаи ченкуниҳо ва ташхис нишон доданд, ки нишондиҳандаҳо ба монанди оксиди карбон, дуоксиди нитроген, фенол, гидроген сулфид, оксиди нитроген, аммиак, чанг, хлор ва гидрогенхлорид мутобиқи меъёр мебошанд.

 Ғайр аз ин, дар натиҷаи ташхиси намунаҳои об муайян гардид, ки дар таркиби он аз меъёр зиёд будани нишондиҳандаҳои фулузоти вазнин, аз он ҷумла мис (Cu), руҳ (Zn), оҳан (Fe), фтор (F), хроми шашвалента (Cr) ва кадмий (Cd) ба қайд нарасид. Дар таркиби намунаҳои хок низ миқдори ҳамин намуд фузулоти вазнин муайян гардида,  аз меъёр зиёд будани нишондиҳандаҳо ба қайд гирифта нашуд. Натиҷаҳои ченкунии гамма – афканишот нишон дод, ки сатњи радиатсионӣ дар ҳудуди мавзеъи мазкур ба талаботи амалкунанда ҷавобгў мебошад. Ҳангоми гузаронидани мониторинги экологӣ таљњизоти ченкунии ГАНК – 4 барои ченкунии ҳавои атмосфера, СРП – 6801 барои муайян намудани гамма – афканишот, LANGE DR 2800 барои ташхиси таркиби об ва хок истифода карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.